Имрӯз ҷиҳати таъмини иҷрои банди 16-и қарори ҳайати мушовараи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти якҷояи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд муҳтарам Шарофиддин Шарифзода бо иҷрокунандаи вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» — и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Ҳаким доир гардид.
Дар кори он, байни ҷонибҳо нақшаи чорабинии муштарак ба имзо расонида шуд, ки ҳадафи асосии он амалӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва расонидани ёрии ҳуқуқии якуминдараҷа мебошад.
Дар охир, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ дар доираи нақшаи тасдиқгардида, фаъолияти судмандро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххасро амалӣ менамоянд.