• Чт. Июн 26th, 2025

МУЛОҚОТИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ АДЛИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҲАЙДАР УСМОНОВИ НОҲИЯИ Б.ҒАФУРОВ

Авг 28, 2023

Имрӯз, 28 августи соли 2023, ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақша чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд аз ҷониби муовини сардори Раёсат Солеҳзода Насрулло, кормандони шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Исозода Нозим ва Масрурзода Фирдавс, якҷо бо судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳасанзода Ҷамолиддин Холмурод, Эмомализода Наврӯз Эмомалӣ ва иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давронзода Даврас бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти судманд анҷом доданд.

Дар мулоқот бо сокинон оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23 декабри соли 2022 ироа гардида буд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Зимни мулоқот зикр гардид, ки Паёмҳои Пешвои миллат фарогири масъалаҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва сиёсати хориҷӣ буда, ҳар як нуқтаи он барои некуаҳволии шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Илова бар ин, дар идомаи мулоқот ба ҳозирин доир ба мавзуҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, коҳиш додани ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти истифодаи самараноки замин, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот, сокинон доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ саволҳо пешниҳод намуданд ва ба онҳо аз ҷониби кормандон ҷавобҳои мушаххаси ҳуқуқӣ дода шуд