• Чт. Июн 26th, 2025

ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ АДЛИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ МЕВАҒУЛИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Авг 31, 2023

Имрӯз, 31 августи соли 2023, ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақша чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд аз ҷониби муовини сардори Раёсат Насрулло Солеҳзода, кормандони Раёсати адлия Нозим Исозода ва Фирдавс Масрурзода, якҷо бо ҳуқуқшиноси давлатии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и дар шаҳри Хуҷанд Шаҳриёр Аҳмадзода, судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҷамолиддин Ҳасанзода, Наврӯз Эмомализода, иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Хуҷанд Акмал Нуруллозода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоевна дар маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд бо сокинони касбу кори гуногун вохӯрии судманд анҷом доданд.

Дар вохӯри ба ширкаткунандагон роҷеъ ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23 декабри соли 2022 ироа гардида буд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд. Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ, доир ба мавзуҳои коҳиш додани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дӯст доштани Ватан-Модар, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҷиҳати ба кор даъват намудани шаҳрвандон ба ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» , масъалаҳои гузоштани апостил ба ҳуҷҷатҳои давлатӣ ва коҳиш додани сатҳи бекоршавии ақди никоҳи оилаҳои ҷавон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузарониданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ, ширкаткунандагон доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ саволҳо пешниҳод намуданд ва ба онҳо аз ҷониби кормандон ҷавобҳои мушаххаси ҳуқуқӣ дода шуд.