• Чт. Июн 26th, 2025

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Сен 6, 2023
         Таърихи куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навин, волотарин дастовард соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон буд, ки бо қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 амалӣ гардид.
Кишварҳое, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо расиданд, шукри истиқлол намуда, бо ғайрати дучанд, бо руҳу илҳоми нав ба ободу хуррам сохтани ватани аҷдодии худ камари ҳиммат бастанд. Мутаасифона дар Тоҷикистон чунин нашуд. Тундбоди воқеаҳо, ки онҳоро бозсозӣ ба ҳаракат дароварда буд, боиси хархаша ва моҷароҳои зиёди сангину нангин дар Тоҷикистон шуданд. Ҷаҳонталабону қудратталабон, рӯҳониёне, ки солиёни зиёд андешаи ба даст овардани ҳокимиятро дар дил доштанд, бо пуштибонии қувваҳои хориҷие, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро намехостанд, якбора ба муборизаи ошкоро бархостанд. Ҳисси носолими маҳалгароӣ, тухми кинаву адоватро байни мардум пошид ва ба парокандагии миллат сабаб гардид. Ҷумҳурӣ ба вартаи касоди иқтисодӣ ва сиёсӣ гирифтор шуд. Рушди инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, сатҳи зиндагӣ ва ахлоқи ҷомеа коҳиш ёфт.
Хушбахтона, фарҳанги қадими мо, ки аз сулҳу ваҳдат об мехӯрад моро ба сӯйи нур ва рӯшноӣ даъват кард. Хидматҳои фарзандони фарзонаи миллат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати навини тоҷикон басе ҳам арзанда аст. Худованд ба ӯ нерӯю тавоне бахшид, ки барои миллат хидматҳою корнамоиҳои Исмоили Сомониро ба сомон расонд. Шукри беҳад, ки имрӯз Тоҷикистон чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Баъд аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи рушди худро на ба сӯйи гузаштаи асримиёнагӣ, балки бо эҳтироми бузург ба арзишҳои тамаддуни пешрафтаи инсоният ба сӯйи оянда, ба хотири бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, эҷоди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ интихоб кард. 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16 – уми тақдирсоз баргузор гардид, ки марди шарифу ватандӯст Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ин рӯйдоди фараҳбахши сиёсӣ, шӯълаи умедро ба оянда дар дили ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ бедор кард.
Маҳз бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон, ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд, дар ҳамин замина, Тоҷикистони тозаистиқлол ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро муқаддас шуморида, соҳибихтиёрии давлатро таъмин намуда, баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи мамлакатамонро қабул намуд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он таъсис додани низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт, марҳилаи муҳимтарин гардид.
Мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ сохторҳои давлатию ҳукуматӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аслан аз нав ташаккул ёфтанд.
Бо назардошти дурнамои инкишофи кишвар ва аҳамияти муносибатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба сифати пояи аслии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд, ки дар моддаи 9 чунин муқаррар менамояд: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад».
Дар ин замина, тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ вобаста ба салоҳияти конститутсионии худ фаъолият намуда, дар пешравии ҳаёти кишвар саҳми худро гузошта истодааст.
Таъсиси мақомоти адлияи навини тоҷикон дар замон ва давре ба вуқӯъ пайваст, ки он вақт Тоҷикистон давраи душвори таърихиро паси сар карда, барои дар харитаи таърих арзи ҳастӣ намудани худ мубориза мебурд. Мақомоти адлия аз рӯзҳои аввали таъсис ва фаъолияти худ дар сафи пеши барқарорсозандагони адолат қарор дошта, дар ин самт қадамҳои устувори худро мегузошт.
Нақш ва мавқеи хосаи Вазорати адлия баъд аз касби Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфт ва махсусан дар солҳои ноороми ҷумҳурӣ ин мақомот сарфи назар аз ҳама мушкилиҳову кӯшишҳо тавонист садои одилонаи худро боло кунад ва алайҳи ҳама кӯшишҳои гуруҳҳои манфӣ истодагарӣ намояд.
Мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, дар ҳимояи қонуният ва адолат қарор дошта, дар ин муддати таърихӣ роҳу пайраҳаи пурпечутоби ҳаёти сиёсии Тоҷикистонро тай намуда, барои устувор гардидани пояҳои ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, ташаккул ёфтани низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ, ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқ шудани он саъю кӯшиши зиёдеро ба харҷ додааст, ки ин анъанаи корӣ то ба имрӯз давом ёфта истодааст ва давом хоҳад ёфт.
Фаъолияти мақомоти адлия аз рӯи мазмун ва моҳияти худ фаъолияти давлатӣ ба шумор рафта, дар доираи салоҳияти он ба амал бароварда мешавад. Ин фаъолият маҳз дар солҳои Истиқлолияти давлатиро ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа инкишоф ёфт ва барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ асос гузошт.
Хусусияти хоси Вазорати адлия дар он зоҳир мегардад, ки вай дар баробари мақомоти судӣ ба амалисозӣ ва таъмини адолат сару кор дошта, мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба қонунгузории амалкунанда таъмин менамояд ва бо ин роҳ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандро зери ҳимоя қарор медиҳад. Қобили қайд аст, ки дар ин раванд на танҳо ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, тамоми шаклҳои моликият, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, дигар ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсӣ ва молу мулкии шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият низ мавриди ҳимоя қарор дода мешаванд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки пешбурди фаъолияти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ҳадди ниҳоии доираи фаъолияти Вазорати адлия набуда, ҳамчунин мутобиқи Низомномаи худ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №413 тасдиқ гардидааст, вазифаҳои таъмини ҳуқуқии фаъолияти меъёрэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қайди давлатӣ гирифтани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, сабти давлатии санадҳои хислати умумиҳатмӣ доштаи вазорату идораҳои давлатӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро ба амал мебарорад. Аз ин ҷо, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тартиб даровардани қонунгузории Тоҷикистон дастурҳо дода, ба мақомоти давлатӣ ҷиҳати ба амал баровардани фаъолияти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ёрии амалии худро мерасонад.
Маҳз бо шарофати ба даст даровардани Истиқлолияти давлатӣ ба ҷавонон имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати касбии худро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам гузоранд.
Пас мо ҷавононро месазад, ки ба қадри ин ҳама ғамхориҳои ҳукумати кишвар расида, дар ин сарзамини сулҳофарину соҳибистиқлол бо сари баланд хизмат намуда, ҳамеша дар ободиву озодии ин сарзамини биҳиштосову соҳибистиқлол кӯшиш ба харҷ диҳем.
Сармутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд,
Ҳуқуқшиноси дараҷаи якум,
Исозода Нозим Маҳмуд