Имрӯз дар толори Раёсати адлияи вилояти Суғд, машварати корӣ оиди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии кормандони мақомоти адлия баргузор гардид. Дар машварати корӣ, сардори Раёсати адлия муҳтарам Шарифзода Шарофиддин Ҳикматулло, нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд капитани адлия Азимзода Дилшод Акбарӣ, кормандони дастгоҳи Раёсати адлияи вилоят, нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва шуъба — хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Машварати кориро сардори Раёсати адлияи вилоят муҳтарам Шарифзода Шарофиддин Ҳикматулло ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин қайд намуданд, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Сипас, вобаста ба масъалаи дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ «Дар бораи татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд Азимзода Дилшод баромад намуда, афзуд, ки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ амал карда мешавад. Дар идомаи баромадашон таъкид намуданд, ки мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия аз баланд бардоштни маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум равона карда шудааст.
Дар анҷом, сардори Раёсат Шарифзода Шарофиддин ба намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд Азимзода Дилшод Акбарӣ ҷиҳати баромади пурмуҳтаво изҳори миннатдорӣ намудан ва баҳри таъмини иҷрои нақша чорабиниҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳозирин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.




