• Чт. Июн 26th, 2025

ҲАМОИШИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД ТАҲТИ УНВОНИ «ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — НИШОНИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ» ДАР ТОЛОРИ РАЁСАТИ АДЛИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Сен 8, 2023
 Имрӯз ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати адлияи вилояти Суғд ҳамоиши тантанавии идона таҳти унвони “Истиқлолияти давлатӣ – нишони пойдории давлат” ташкил ва баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати адлия, муовин ва кормандони мақомоти адлияи вилояти Суғд иштирок намуданд.
Ҳамоишро сардори Раёсати адлия вилояти Суғд — Шарофиддин Шарифзода ифтитоҳ намуда, кормандон ва дар симои онҳо тамоми мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният намуда, баён доштанд, ки имрўз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳасти дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерўи такконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошад. Бояд шукргузор шуд, ки миллати бузурги тоҷик имрўз давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст. Ҳамчунин, таъкид доштанд, ки барои халқи тоҷик Истиқлоли давлатӣ чун обу ҳаво зарур буда, танҳо бо меҳнати якдилона метавонем, истиқлоли худро ҳифз намоему ватани азизамонро ободу зебо гардонем.
Дар идомаи ҳамоиш, муовини сардори Раёсат баромад намуда, қайд карданд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутаммаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо сохтааст.
Дар фарҷом, барои фаъолияти пурсамар ва назаррас ба як қатор кормандони мақомоти адлияи вилоят аз ҷониби сардори Раёсат Сипоснома тақдим карда шуд.