Имрӯз , 22 сентябри соли 2023, ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақша чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд, аз ҷониби кормандони Раёсати адлия Масрурзода Фирдавс ва Расулзода Нигора ва нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии шаҳри Истиқлол Рустамзода Муқаддас, якҷо бо мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Темирова М., директори муассисаи таълимӣ Каримзода С. дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ба номи Ҷ.Расулови шаҳри Хуҷанд бо доираи васеи омӯзгорону хонандагон мулоқоти судманд анҷом доданд.
Дар мулоқот ба ҳозирин оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23 декабри соли 2022 ироа гардида буд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Ҳамчунин, зимни мулоқот ба ҳозирин доир ба мавзуҳои коҳиш додани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар ҷараёни мулоқот, ширкаткунандагон доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ саволҳо пешниҳод намуданд ва ба онҳо аз ҷониби кормандон ҷавобҳои мушаххаси ҳуқуқӣ дода шуд.
Дар фарҷом, аз ҷониби мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Темирова М. ва директори муассисаи таълимӣ Каримзода С. доир ба баргузории чунин мулоқоти судманд изҳори миннатдорӣ намуданд.








