Имрӯз, дар толори Раёсати адлияи вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Забони миллат – ҳастии миллат” чорабинӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Шарифзода Шарофиддин, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Одинаев Абдуманон, кормандони дастгоҳи Раёсати адлияи вилоят ва воҳидҳои сохтории вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Нахуст, чорабиниро сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд – Шарофиддин Шарифзода ифтитоҳ намуда, таъкид намуданд, ки забони тоҷикӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорӣ буда, рукни асосии давлатдорӣ маҳсуб меёбад, ки аз гузаштаҳои миллати тоҷик ба мо мерос мондааст ва ҳар як соҳибзабон вазифадор аст, ки баҳри поку беолоиш нигоҳ доштан, ба наслҳои оянда расонидани забони давлатӣ саҳмгузор бошад. Ҳамчунин баён доштанд, ки дастоварди бузурги миллати тоҷик баъд аз истиқлолият ин қабули Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки маҳз бо шарофати қабули Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб шуд ва минбаъд барои шаклгирии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ мусоидат намуда, соҳибихтиёрии миллатро мустаҳкам намуд ва моддаи дуюми Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои забони давлатӣ бахшида шуда ҳамчун як рукни давлатдорӣ дар ин меъёр мустаҳкам гардидааст.
Сипас, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои филологӣ, дотсент Одинаев Абдуманон ба сухан баромада, зикр намуданд, ки насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд ва ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад.
Дар охир, сардори Раёсат ба иштирокчиёни чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд намуданд, ки ҳифзи забони тоҷикӣ барои ҳар яки мо басо муҳим ва ҳатто масъалаи ҳаётӣ ба ҳисоб рафта, ҳар яки моро зарур аст, ки онро мисли чатр ҳимоя кунем.



