• Чт. Июн 26th, 2025

МУЛОҚОТИ СУДМАНДИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ АДЛИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД БО ОМӮЗГОРОНУ ХОНАНДАГОН

Окт 3, 2023
 Имрӯз, ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақша чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд дар толори Мактаби санъат дар шаҳри Гулистон бо ҷалби омӯзгорон ва хонандагони Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон аз ҷониби муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Солеҳзода Н. ва кормандони Раёсати адлия Масрурзода Ф., Муҳаммадзода Д., Расулзода Н., нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии шаҳри Гулистон Осимзода Б., мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Гулистон Насимӣ Г. якҷо бо муовини раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон мулоқоти судманд анҷом доданд.
Дар мулоқот ба ҳозирин, оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 24 декабри соли 2022 ироа гардида буд, корҳои ташвиқотӣ баргузор намуданд. Инчунин, замни мулоқот ба ҳозирин, доир ба мавзуҳои коҳиш додани пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, уҳдадориҳои ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар ҷараёни мулоқот, ширкаткунандагон доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ саволҳо пешниҳод намуданд ва ба онҳо аз ҷониби кормандони Раёсат посухҳои мушаххаси ҳуқуқӣ дода шуд.
Дар фарҷом, аз ҷониби муовини раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон барои гузарондани чунин як мулоқоти судманд изҳори миннатдорӣ баён намуданд.