Санаи 5-уми октябр ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақша чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд дар толори маҷмааи меҳмонхони байналмилалии “Парламент” бо ҷалби кормандон ва сокинони маҳаллаи Сир-дарё аз ҷониби кормандони Раёсати адлия Муҳаммадзода Д., Расулзода Н., якҷо бо нотариуси калони давлатии идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд Очилзода Н., нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Шаҳристон Маҳмудзода А., ва сардори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд Рустамзода Н., вохурӣ анҷом доданд.
Дар мулоқот ба ҳозирин, оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 24 декабри соли 2022 ироа гардида буд, корҳои ташвиқотӣ баргузор намуданд. Инчунин, замни мулоқот ба ҳозирин, доир ба мавзуҳои дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, шартномаи сохтмони бинои ҳиссагии истиқоматӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва тартиби ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, ширкаткунандагон доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ саволҳо пешниҳод намуданд ва ба онҳо аз ҷониби кормандони Раёсат посухҳои мушаххаси ҳуқуқӣ дода шуд.