Санаи 3-уми октябр ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақша чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 –и Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон бо ҷалби омӯзгорону хонандагон ва волидон аз ҷониби кормандони Раёсати адлия Муҳаммадзода Д. ва Расулзода Н. якҷо бо муовини раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони С., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин А. ва раиси ҷамоат Муҳаббатов А. корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ анҷом доданд.
Дар кори он ба ҳозирин, оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 24 декабри соли 2022 ироа гардида буд, корҳои ташвиқотӣ баргузор намуданд. Инчунин, дар ҷарён доир ба мавзуҳои коҳиш додани пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, уҳдадориҳои ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар фарҷом, ширкаткунандагон доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ саволҳо пешниҳод намуданд ва ба онҳо аз ҷониби кормандони Раёсат посухҳои мушаххаси ҳуқуқӣ дода шуд.