• Чт. Июн 26th, 2025

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ КОРИИ РАЁСАТИ АДЛИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТ ДАР НУҲ МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2023 ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲО ДАР ФАЪОЛИЯТИ МИНБАЪДА

Окт 17, 2023
  Санаи 17 октябри соли 2023 дар толори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Суғд таҳти раёсати Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Музаффар Ашуриён ҷаласаи корӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсат ва воҳидҳои сохтории вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар нуҳ моҳи соли 2023 баргузор гардид.
Дар кори он, сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Шарифзода Шарофиддин, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати адлия Ҳамдамзода Сироҷиддин, сардори Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи вазорат Одиназода Бегиҷон, сарнотариуси саридораи нотариалии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Насим, сардори филиали Суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуритдинзода Баҳриддин, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Солеҳзода Насрулло, кормандони дастгоҳи Раёсати адлия, нотариусони калони давлатӣ ва нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилоят, шуъба-хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд, шуъба ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок доштанд.
Ҷаласаро вазири адлия муҳтарам Музаффар Ашуриён оғоз намуда, натиҷаҳои фаъолияти воҳидҳои сохтории вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро мавриди муҳокима қарор дода, ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохториро дар алоҳидагӣ шунида, дастоварду камбудиҳои онҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҷараёни ҷаласа, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Музаффар Ашуриён баромад намуда, таъкид доштанд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани нишондиҳандаҳо пешниҳодҳои муфид намуда, дар маҷмуъ фаъолияти Раёсат ва воҳидҳои сохториро дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар интиҳои ҷаласа сардори Раёсати адлияи вилоят ба Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои пайваста дар самти пешбурди фаъолияти корӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз намуданд, ки бо назардоштии имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои меҳнатӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамоянд.