Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Музаффар Ашуриён дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят биноҳои маъмурии “Маркази адлия” бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода дода шудаанд.
Ҷиҳати тақвият додани иқдоми мазкур ва таъмини иҷрои банди 6-уми нақшаи чорабиниҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар маркази маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ сохтмони бинои маъмурии “Маркази адлия” шуруъ гардидааст.
Зимни сафараи корӣ, санаи 17-уми октябри соли 2023 дар вилояти Суғд Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Музаффар Ашуриён якҷо бо сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Шарифзода Шарофиддин аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои маъмурии “Маркази адлия”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.
Дар доираи сафари корӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Музаффар Ашуриён ҷиҳати сари вақт ва дар муҳлати муайянгардида ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид доштанд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, масъулинро вазифадор намуданд.


