Имрӯз,17 ноябри соли 2023, дар толори Раёсати адлияи вилояти Суғд ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи кори Раёсат бо ҷалби роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд, таҳти унвони “Фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Семинари омӯзиширо муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Солеҳзода Насрулло ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба толори Раёсати адлия хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки ба амал баровардани бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллии дар ҳудуди вилоят ҷойгирбуда, қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, назорат ва мавриди санҷиш қарор додани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагӣ ва филиалҳо оид ба риоя намудани ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, талаб намудани тавзеҳот аз мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагӣ ва филиалҳо оид ба риоя нашудани оинномаҳои онҳо ва додани огоҳинномаи хаттӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагӣ ва филиалҳо, инчунин дигар вазифаҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, вазифаи асосии Раёсати адлияи вилояти Суғд мебошад.
Сипас, сардори Раёсати бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Илҳом оид ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” баромад намуда, қайд карданд, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои ба самти ташкилотҳои ҷамъиятӣ рабтдоштаро, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва меъёрҳои пешбининамудаи оинномаро риоя намоянд.
Баъдан, намояндаи Бонки миллииТоҷикистон Қурбонов Шариф, роҷеъ ба стандартҳои байналмилалӣ доир ба муқовимат ба маблағгузории терроризм бо истифода аз ташкилотҳои ғайритиҷоратии осебпазир суханрони намуда, фикру андешаҳои худро иброз дошт.
Семинари омӯзишӣ, бо баромади сармутахассиси бахши бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятии Раёсати адлияи вилояти Суғд Содиқзода Акмал доир ба шакли додани ҳисобот, тартиби гузаронидани санҷиш, иҷроиши мақсадҳои оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва саволу ҷавобҳо ба анҷом расид.


