• Чт. Июн 26th, 2025

БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Ноя 3, 2023
Санаи 3-юми ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултаи филалогияи тоҷик ва факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад, сармутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Исозода Нозим, мутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Расулзода Нигора, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии донишгоҳ Раҳматуллоева Муқаддас ва дигар омӯзгорону донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд.
Ҷамъомадро мудири кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ Раҳматуллоева Муқаддас ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 29 сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии худро таҳким бахшид. Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади танзимкунанда ва муқарраркунандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мебошад. Бо шарофати арзишҳои конститутсионӣ миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон эътироф менамоянд.
Сипас, мутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд Нигора Расулзода суханронӣ намуда, иброз намуд, ки Конститутсия шоҳодатномаи давлат ҳисобида мешавад ва дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ нишон дода шудааст. Ин ҳуҷҷатест, ки дурнамои пешрафти ҷомеаро муайян намуда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунад. Конститутсия зодаи Истиқлоли давлатӣ буда, моро зарур аст, ки дар таҳкиму такмили асосҳои конститутсионӣ, мукаммалу самаранок гардонидани рушди демократия саҳми худро гузорем.
Дар фарҷоми ҷамъомад, аз ҷониби мудири кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ Раҳматуллоева Муқаддас барои баргузории чунин ҷамъомади тантанавӣ изҳори миннатдорӣ карда шуд.